Дар натиҷаи заминларзаи 6-дараҷаӣ дар минтақаи Тозаободи вилояти Кирмоншоҳи Эрон се нафар ҳалок ва 240 кас захмӣ шудаанд.

Бино ба гузоришҳо аз Эрон, нирӯҳои имдодӣ ё кумакрасон ба маркази заминларза ва деҳаҳои атрофи он рафтаанд.

Маркази зилзиланигории Амрико шиддати заминларзаи Кирмоншоҳро 6 ва муассисаи геофизикии Донишгоҳи Теҳрон 5,9 дараҷаи Рихтер ҳисоб кардаанд. Донишгоҳи Теҳрон мегӯяд, ки зилзила соати тақрибан се шаби 26-уми август дар умқи ҳашт километр рух додааст.

Шадидтарин зилзила соли гузашта бо нирӯи 7,3 дараҷа дар Кирмоншоҳ рух дод. Дар натиҷаи он камаш 620 нафар ҷон бохта, ҳудуди 9 ҳазор нафар захмӣ шуданд.

Бино ба гузоришҳо, дар бисёре аз шаҳрҳои Кирмоншоҳ мардум аз хонаҳояшон ба берун баромада ва дар маҳалҳои боз ва боғҳо истодаанд.