Шабакаҳои телевизионӣ, аз ҷумла ширкати миллии радио ва телевизиони Узбекистон огоҳӣ гирифтаанд, ки аз ин ба баъд дар гузоришу барномаҳои худ аз Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи он кишвар, ном набаранд. Ин огоҳӣ дар оғози ҳафтаи равон дастрас шудааст.
Ҳоло ба забон овардани номи Каримов хатарноктар аз он аст, ки номи Тоҳир Юлдош, раҳбари пешини Ҷунбиши Исломии Узбекистонро ба забон биоварӣ
Дастури мушовири президент
Яке аз барандаҳои шабакаи телевзионии Узбекистон рӯзи 22-юми август ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, ин дастур аз номи мушовири президент Хайриддин Султонов ворид шуд. "Раҳбарият ба мо гуфт, ки агар номи Каримов дар эфир садо диҳад, саратонро мегирам. Ин амри мушовири президент аст”, - нақл кард ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.
Сармуҳаррири барномаҳои яке дигар аз телевизионҳои Узбекистон гуфт, ин на тавсия, балки тақозо аст. Ӯ гуфт, зиёиёни куҳансол баъзан дар суҳбатҳои худ аз Ислом Каримов ёдоварӣ мекунанд ва онҳо маҷбур шуданд, ки аз даъвати чунин "гуруҳи риск" ба барномаҳо худдорӣ намоянд.
Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, манъи истифодаи номи Ислом Каримов дар барномаҳои телевизионии Узбекистон дар асл як моҳи пеш ҷорӣ шуда буд.
"Дар ҷаласаи рӯзи душанбе як бори дигар дар ин бора ба мо гӯшзад карданд. Дар оғози имсол ба мо тавсия дода буданд, ки ҳарчи камтар аз Ислом Каримов бигӯем. Бештар дар бораи “юртбошӣ” Шавкат Мирзиёев гап занем. Як моҳ аст, ки муҳаррирон дар матни барномаҳо номи Ислом Каримовро ҷуста, онро зуд ҳазф мекунанд. Ҳоло ба забон овардани номи Каримов хатарноктар аз он аст, ки номи Тоҳир Юлдош, раҳбари пешини Ҷунбиши Исломии Узбекистонро ба забон биоварӣ", - афзуд ӯ.
Ба қавли журналист, шабакаи “Ёшлар”-и Узбекистон натанҳо истифодаи номи Ислом Каримов, балки намоиши аксу ҳайкалҳои ӯро манъ кардааст.