Дар маҳалли ҳамла ба ҳафт сайёҳи хориҷӣ дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара, ки дар натиҷа чаҳор нафари онҳо кушта шуданд, муҷассамаи дучарха гузошта хоҳад шуд.

Интизор меравад, маросими пардабардорӣ аз муҷассама дувуми сентябри имсол, дар рӯзи сабқати дучархаронҳо, сурат гирад. Ин сабқатро Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон якҷо бо ширкати хадамоти таксии "Рахш" ташкил кардаанд.
Содиқҷон Зарифӣ, масъули шуъбаи робита бо ҷомеаи ширкати "Рахш Такси", рӯзи 26-уми август гуфт, дучархаронҳо аз Душанбе то маҳалли қатли сайёҳони хориҷӣ ба Данғара мераванд. "Онҳоро мошини Ёрии таъҷилӣ ва нозирони роҳ ҳамроҳӣ мекунанд. Гузоштани муҷассамаи дучарха рамзи эҳтиром ба ҷаҳонгардони хориҷист. Бо ин кор бори дигар исбот мекунем, ки тоҷикон ҳамавақт меҳмондӯст буданд ва хоҳанд монд", - афзуд ӯ.
Ташаббускорони сабқат мегӯянд, ҳузури хоҳишмандон озод аст ва интизор меравад дар ин маросим сайёҳони хориҷӣ низ ширкат кунанд.

Аз ин пештар дар маҳалли қатли сайёҳони хориҷӣ дар ҷамоати Себистони Данғара лавҳаи хотира ва гулдаста гузошта шуда буд. Дар ин лавҳа ба ду забон – англисӣ ва тоҷикӣ ҳамдардии амиқи мардуми Тоҷикистон ба хонаводаи қурбониён баён шудааст.