Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ барои пайдо кардани роҳи ҳифзи Баҳри Арал, ки ба мушкилоти умдаи экологӣ рӯ ба рӯ аст, дар Туркманистон ҷамъ шуданд.
Раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков пазироӣ кард.
Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон аз қавли Назарбоев гуфт, ки ҷаласаи Ишқобод "ба раванди ҳамкориҳои минтақавӣ ва истифодаи захоири об мусоидат хоҳад кард".
Ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ узви Бунёди байналмилалии Ҳифзи Баҳри Арал (IFSAS) мебошанд, ки соли 1993 таъсис ёфт.
Моҳи январи соли гузашта, баъди як ҳафтаи оғози фаъолияти расмӣ дар мақоми президенти Узбекистон, Шавкат Мирзиёев эълон кард, ки кишвараш барои рушди минтақаҳои атрофи Баҳри Арал дар панҷ соли оянда, 2,6 миллирд доллар ҷудо мекунад.
Баҳри Арал, замоне чаҳорумин баҳри бузурги ҷаҳон, аз соли 1960, қисман бинобар истифодаи ду рудхонаи бузург - Амударё ва Сирдарё дар тарҳҳои кишоварзии Шӯравӣ - 90 дар сади ҳаҷмашро аз даст дод.
Коҳиши Баҳри Арал аз фалокатҳои умдаи зистмуҳитӣ дар сайёра арзёбӣ мешавад, ки як идда мушкилоти ҷидии экологиро дар минтақаи байни Қароқалпоқистони Узбекистон ва Қазоқистон эҷод кардааст.